Хонандагони деҳаи дурдасти Шуғнон то охири сол ба бинои нав мекӯчанд
ХОРУҒ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон таҳкурсии бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ гузошта шуд. Биное, ки хонандагон дар он таҳсил мекарданд, аввали солҳои шастуми асри гузашта бо таври ҳашар бунёд шудааст ва дар давоми ин солҳо бар асари барфу боронгариҳо осеби зиёд дидааст.
Аз Раёсати маорифи ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин деҳа аз маркази ҷамоат хеле дур аст ва рафтани хонандагони хурдсол ба деҳаи ҳамсоя, бахусус дар фасли зимистон ғайримкон мебошад. Сокинони деҳаи Оқмамад барои ҳалли масъалаи мазкур соли гузашта ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд ва акнун баъди ба охир расидани соли таҳсил бунёди таълимгоҳ шурӯъ гардид.
Соли равон сохтмони боз ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Ишкошиму Рӯшон дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






