Ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

Июль 27, 2017 09:50

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии рақами 2-и ҷамоати деҳоти Сари Хосор иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2016 оғоз гардидаанд ва дар ин муддат шуъбаи таваллудхона бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Бино аз 9 утоқи ташхису табобат ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дорои беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ мебошад. Утоқҳо бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи сабти барқии дил, ултрасадо ва дигар лавозимоти тиббӣ барои бемориҳои занона муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ дар таваллудхонаи Сари Хосор бештар аз 300 ҳазор ва дар корҳои сохтмонии иншоот 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити хизматрасонии таваллудхона ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизмати софдилона ва аз таҳти дил даъват намуданд.

Тавре маълум гардид, иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардидааст. Корҳои бунёдгарӣ аз тарафи ширкати «Евро-стандарт» ба анҷом расонида шудаанд.

Дар таваллудхонаи навбунёди ҷамоати деҳоти Сари Хосор 15 нафар табибони дорои тахассуси гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи чунин таваллудхонаи замонавӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Сари Хосор ба кормандони он як адад автомобили ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд, ки аз тарафи мардуми саодатманди ҷамоат бо изҳори миннатдорӣ, самимияти бепоён ва хушҳолии беандоза пазируфта шуд.

Ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 27.07.2017

Июль 27, 2017 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия