Имрӯз дар Душанбе 40 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 42 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр буда, дар водиҳо 37-42 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, ҳарорати ҳаво 35 -40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 35-40 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, 38 –40 дараҷа гарм мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






