«Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Тошканд се бозии санҷишӣ мегузаронад

Июль 26, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе чемпиони  Тоҷикистон бозиро дар шаҳри Тошканд бо дастаи  лигаи олии   Ӯзбекистон – «Нефтчӣ»-и Фарғона бо ҳисоби 1:2 бохт. Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии    «Истиқлол» 25 июл дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и пойтахти Ӯзбекистон барпо гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе дар Тошканд боз бо ду дастаи лигаи олии  Чемпионати Ӯзбекистон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.

«Истиқлол» 27 июл бо  дастаи «Динамо»-и Самарқанд ва 29 июл бо дастаи «Машъал»-и шаҳри Муборак бозиҳои санҷишӣ барпо мекунад. Ҳарду бозӣ дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд барпо мегарданд.

Дастаи «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев ба давраи дуюми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳои даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ омодагӣ мебинад.

Ёдовар мешавем, ки  бар асоси қуръакашии бозиҳои нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.

Дар бозии аввали нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бозии ҷавобӣ 12 сентябр ё дар Сингапур ва ё дар Филиппин баргузор мешавад.

Июль 26, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад