Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ВАО дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 июли соли 2017 вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи таҳиягардида баргузор мешаванд.
Нишасти матбуотии роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 9:00 дар бинои маъмурии Суди Олии иқтисодӣ таъйин шудааст.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9:00 бо намояндагони ВАО дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ ба бинои маъмурии Вазорат (кӯчаи Шамсӣ 5/1) даъват кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






