Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев сармураббии нави дастаи «Регар-ТадАз» интихоб шуд

Июль 20, 2017 16:42

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ сармураббии дастаи   футболи  «Ҳосилот»-и Фархор Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев  бори дуввум роҳбарии дастаи футболи  «Регар-ТадАз»-ро бар уҳда гирифт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, номбурда тайи солҳои 2001-2013 сармураббии  дастаи  «Регар-ТадАз»-ро бар уҳда дошт ва замони фаъолияташ дастаи мазкур 7 маротиба миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба унвони қаҳрамонии Тоҷикистон сазовор гардида, 3 маротиба барандаи Ҷоми Президенти АФК шудааст. Инчунин таҳти роҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»  дар мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол 5 маротиба пирузӣ ба даст овардааст.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев аз соли 2015 то оғози соли 2017 сармураббии дастаи футболи  «Ҳосилот»-и Фархор буд.  Дар ин муддат дастаи мазкур дар Лигаи якум унвони қаҳрамониро ба даст оварда, дар Лигаи олӣ мақоми дувумро сазовор гардид. Соли 2017 бошад, ин мутахассис бо дастаи  «Ҳосилот»  соҳиби Супер-Ҷоми Тоҷикистон  гардид.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев фаъолияти  мураббигияшро аз дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст. Ин мутахассиси шинохта  солҳои ‎1991-2000 футболбозони «Равшан»-ро тамрин медод. Бояд зикр намуд, ки Муҳаммадҷон Ҳабибуллоеви 52-сола тайи сӣ соли охир ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунад.

Июль 20, 2017 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд