Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис

Июль 12, 2017 18:56

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Воситаи муҳими беҳбудбахши   ҳамшарикии  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари  иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ»,  хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.

Бо  қаноатмандӣ  фаъолияти  воситаҳои  муҳими  тақвиятбахши  ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами  Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ  ва  Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи  муваффақонаи  Барномаи  индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки  ҷудо гардидани маблағи  251 миллион евроро  ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот   пешбинӣ менамояд,  ҳамчун  санади муҳими  беҳтарсози ҳамшарикӣ муҳим шуморида шуд.

Аз баргузории  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани   Барномаи  рушд барои давраи то соли 2020  ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  то соли 2030, ки барои расидан ба ҳадафаҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии  шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин   масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои  иқтисодӣ,  энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зиди терроризм, экстремизм,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат  дар  ба  эътидол овардани  вазъи сиёсию низомӣ  дар Афғонистон ва  тақвияти бештари имконияти   ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.

35877804835_66ab267cc0_z

 

Июль 12, 2017 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия