Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ширкати “Ҷенерал Электрик” даъват ба амал оварданд, ки ба бахши гидроэнергетикаи кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар сармоягузорӣ ба ин ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мо фаъолона иштирок намоянд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, имкони рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳо, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ, таъмини таҷҳизоти гуногуни энергетикӣ ба соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории Амрико, аз ҷумла ширкати бонуфузи “Ҷенерал Электрик” дар роҳи рушду густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судовар гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






