Мурод Ҷумъазода: «Омӯзиш ва баҳодиҳии конҳои металлҳои нодир бояд ҳарчи зиёдтар дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шаванд»

Июль 11, 2017 14:23

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти хабарии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон доир гардид.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки Саридораи геологияи дар айни ҳол дар қисмати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон металлҳои нодири тантал ва необиро  дастрас намуда, корро оғоз намудааст ва баъди анҷоми  ҳисобҳо санадҳои заруриро роҷеъ ба ин маталлҳо  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

«Имрӯз дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи ҷаҳон истифодабарии металлҳои нодир аз тарафи олимон ба таври васеъ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст»,- гуфт  Мурод Ҷумъазода.

Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки омӯзиш ва баҳодиҳии конҳои металлҳои нодир  бояд ҳарчи зиёдтар дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шаванд, зеро ин яке аз самтҳои афзалиятноки  соҳаи мазкур ба шумор  меравад.

Июль 11, 2017 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад