Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила пагоҳ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мешавад

Июль 27, 2017 15:18

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 июли соли 2017 роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Мулоқоти роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудааст.

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9:00 дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур (кӯчаи Карамов, 20) гузаронида мешаванд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон соати 9:00  ба маҷлисгоҳи Вазорати мазкур  даъват кардааст.

Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011   вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

 

Июль 27, 2017 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид