Ноҳияи Б. Ғафуров: баргузории тӯю маъракаҳо зиёд ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби сокинон кам гаштааст

Июль 19, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз давраи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳрак ва 12 ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи сокинон 55 ҳазору 538 тӯю маъракаҳо гузаронида шудааст. Хароҷоти ин маросимҳо баъди қабули Қонуни танзим 1-1,5 баробар кам шудааст.

Бино ба иттилои сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Улуғбек Темуров маблағи умумии баргузории тӯю маъракаҳо дар даҳ соли охир 237 млн. 957 ҳазор сомониро ташкил дода, харҷи баргузории ҳар тӯю маросими сокинон наздики 5 ҳазор сомониро  дар бар гирифтааст. Ин аз 1 то 1,5 баробар кам шудани хароҷоти баргузории маъракаҳои миллиро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, сол аз сол шумораи баргузории тӯю маъракаҳо зиёд ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби сокинон кам гаштааст.

Дар давраи 6 моҳи аввали соли равон дар 12 ҷамоати деҳоти ноҳия 1624 маросими миллӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50 адад зиёд мебошад.

 

Июль 19, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!