Ноҳияи Б. Ғафуров: баргузории тӯю маъракаҳо зиёд ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби сокинон кам гаштааст
ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз давраи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳрак ва 12 ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи сокинон 55 ҳазору 538 тӯю маъракаҳо гузаронида шудааст. Хароҷоти ин маросимҳо баъди қабули Қонуни танзим 1-1,5 баробар кам шудааст.
Бино ба иттилои сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Улуғбек Темуров маблағи умумии баргузории тӯю маъракаҳо дар даҳ соли охир 237 млн. 957 ҳазор сомониро ташкил дода, харҷи баргузории ҳар тӯю маросими сокинон наздики 5 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст. Ин аз 1 то 1,5 баробар кам шудани хароҷоти баргузории маъракаҳои миллиро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, сол аз сол шумораи баргузории тӯю маъракаҳо зиёд ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби сокинон кам гаштааст.
Дар давраи 6 моҳи аввали соли равон дар 12 ҷамоати деҳоти ноҳия 1624 маросими миллӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50 адад зиёд мебошад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






