Ноҳияи Рӯдакӣ: «Сим-сим» ободкорӣ мекунад
РӮДАКӢ, 28.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз роҳи мошингарди деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки меҳмонон ва фаъолони деҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Роҳи мазкур зиёда аз якуним километр дарозӣ дошта, сокинони деҳаи Навбунёд солҳои тӯлонӣ бо он ба мушкилӣ рафтуомад мекарданд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ҶДММ «Сим-сим»-и ноҳия бо маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ теппаҳоро ҳамвор намуда, масоҳати роҳро ба 7 метр расониданд ва онро сангфаршу асфалтпӯш намуданд. Инчунин дар як тарафи роҳ ҷӯйборҳои бетонӣ ва лӯлаҳои обпарто насб кардаанд, ки дар оянда роҳи мазкур фарсуда нагардад.
Масъулини ҶДММ «Сим-сим» ният доранд, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ чунин корҳои ободониро давом диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






