Ноҳияи Рӯдакӣ: «Сим-сим» ободкорӣ мекунад

Июль 28, 2017 11:11

РӮДАКӢ, 28.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  роҳи мошингарди  деҳаи Навбунёди  ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки меҳмонон ва фаъолони деҳа мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Роҳи мазкур зиёда аз якуним километр дарозӣ дошта, сокинони деҳаи Навбунёд солҳои тӯлонӣ бо он ба мушкилӣ  рафтуомад мекарданд.  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон     кормандони ҶДММ «Сим-сим»-и ноҳия бо маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ теппаҳоро ҳамвор намуда, масоҳати роҳро ба 7 метр расониданд ва онро сангфаршу асфалтпӯш намуданд. Инчунин дар  як тарафи роҳ ҷӯйборҳои бетонӣ ва лӯлаҳои  обпарто насб кардаанд, ки дар оянда роҳи мазкур фарсуда нагардад.

Масъулини ҶДММ «Сим-сим» ният доранд, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда  минбаъд низ чунин корҳои ободониро давом диҳанд.

 

Июль 28, 2017 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст