Нозири минтақавӣ барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 14 ҳазор сомонӣ пора талаб намудааст

Июль 4, 2017 16:30

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нозири минтақавии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, капитани милитсия Муллорӯзӣ Шариповро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гирифтани пора дастгир намуданд.

Тавре аз Маркази матбуоти  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд,  номбурда аз вазифаи хизматиаш   сӯйистифода бурда,  аз шаҳрванд «А» барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ  ба маблағи  14 ҳазор  сомонӣ   пора талаб намудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ -тафтишотӣ  айбдоршаванда зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани ин маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба номбурда бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

  

Июль 4, 2017 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд