Олимхон Рабиев академики Академияи мусаввирии ҷаҳонии «Новая эра» гардид
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи мусаввирии Тоҷикистон маросими ботантанаи супоридани шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи мусаввирии ҷаҳонии «Новая эра» баргузор гардид.
Дар ҷараёни маросим ба президенти Академияи мусаввирии Тоҷикистон Олимхон Рабиев шаҳоданома ва нишони сарисинагии Академияи мусаввирии ҷаҳонии «Новая эра» супорида шуд. Олимхон Рабиев барои саҳми арзандааш дар рушди санъати тасвирии ватанӣ ва ҷаҳонӣ бо унвони фахрии Академики Академияи мусаввирии ҷаҳонии «Новая эра» қадр гардид.
Ҳамчунин президенти Академияи мусаввирии ҷаҳонии «Новая эра»-и Федератсияи Россия Анатолий Силов низ соҳиби унвони фахрии Академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон гардид.
Бояд зикр кард, ки Анатолий Силов соли 2016 ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ «Гавҳари Роҳи бузурги абрешим» иштирок карда буд. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон кору фаъолият намуда, ба хазинаи мусаввирии ҷаҳонӣ дурдонаҳои нодир туҳфа кардааст. Ӯ нақл кард, ки бо асарҳои офаридаи рассомони тоҷик ҳанӯз солҳои 70-и асри гузашта шинос буд ва ба рушди имрӯзаи ин намуди санъат дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Олимхон Рабиев ва Анатолий Силов изҳор доштанд, ки ин иқдом заминаи мувофиқ барои рушди ҳамкорӣ ва ташкили намоишҳои якҷояи рассомони русу тоҷик ва табодули таҷрибаи байни онҳо хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






