Қонуни миллӣ масъалаҳои ҳаётан муҳими ҳаёти ҷомеаро ба низом даровард

Июль 20, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 20.07.2017/ АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳанўз даҳ сол қабл бо ташаб­буси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар дигаргуниҳои куллиро рўи кор оварда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии роҳи ҳаргуна хурофоту зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ зимни баргузории маъракаю маро­симҳо мусоидат кард.

Қонун анъана ва ҷашну маросим­ҳоро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба танзим даровард. Он арзишҳои асили фарҳанги миллиро бо мазмуну мундариҷаи нав ба ҷомеа пешниҳод намуда, сунатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоску­нан­даи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андеша­ҳои номатлуб ва ифротӣ эъмин нигоҳ дошт.

Таҷрибаи қабули қонун низ дар низоми раванди қонунэҷодкунии  кишвар таҷрибаи нодир ба шумор рафта, дар таҳия ва қабули он мардум фаъолона ширкат варзид ва барои ба низоми муайян даровардани масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа фикру андешаҳои худро иброз дошт. Ҳамин буд, ки дар як муддати кўтоҳ ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии ҳаёти ҷомеа мусоидат кард ва аҳамияти фоидаовари худро ба ҷомеаи кишвар собит сохт.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муло­қот бо фаъолон ва аҳли ҷамоат­чигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» изҳор доштанд: «… қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард».

Таҷрибаи даҳ соли амали қонун собит сохт, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо метавонад барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофкорию хароҷоти беҳуда дар тўю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлид­корӣ ва инчунин барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозори истеъмолӣ  мусоидат намояд ва ба буҷаи ҳар як оилаи кишвар сабукӣ ба миён орад.

Агар ба даҳ соли амали ин санади таърихӣ назар афканем, дида мешавад, ки он на танҳо ҷанбаи ҳуқуқӣ, инчунин дорои ҷанбаи ахлоқиву маънавӣ буда, тарзи ҳаёти муназзаму осуда, истифодаи оқилонаи маблағу пасандоз ва молу мулки шахсиро бидуни роҳ додан ба исрофкорӣ дар тафаккури ҳар як фарди ҷомеаи демократӣ талқин мекунад.

Зимни натиҷагирӣ аз даҳ соли амали қонун Роҳбари давлат таваҷҷуҳи ҷомеаро ба натиҷаҳои фоидавори он ҷалб намуда, дар партави дигар дасто­вард­ҳо нақши ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва афзудани теъдоди маъаракаҳои хурсандӣ, аз қабилӣ тўйи домодиву арўсӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин радиф қабули қонунро омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ маъни­дод намуда, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар муддати 10 соли амали он бинобар кам гардидани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ то ба 30 фоиз коҳиш дода шуд.

Ин шаҳодати он аст, ки қонун барои амалишавии ҳадафҳои конститут­сионии давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона барои ҳар як сокини кишвар мусоидат кард. Сатҳи зиндагии мардум хубтар гардид ва бинобар камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо мардуми кишвар имкон пайдо намуданд, ки маблағҳои сарфа­шударо барои беҳтар намудани шароити зиндагии аъзои оила, сохтмони манзилу харидории таҷҳизоти лозима ва таълиму тарбияи фарзандон равона сохта, дар муассисаҳои бонкӣ барои ояндаи худ ва наздиконашон пасандозҳо кушоянд.

Бо қабули қонун ба тақлидкориву зоҳирпарастӣ хотима гузошта шуда, мардум аз тарси зери таънаву маломати ноҷои дигарон намондан раҳоӣ ёфт ва имкон пайдо намуд, ки ҷашнҳои хурсандии худро бо сарфаю сариш­такорӣ ва камхарҷ доир намояд. Фарзандони худро бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек ва сари баланд хонадор намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона ҳидоят кунанд. Як зумра маъракаҳои нолозим, ки то қабули қонун дар радифи тўйи домодию арусӣ гузаронида мешуданд, аз ҷумла маъракаи фоти­ҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқ­ба­рон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон ва қудоталбон аз байн бардошта шуда, пеши роҳи хароҷоти зиёдати барои ин чорабиниҳо гирифта шуд. Ҳамаи ин боиси он гардид, ки теъдоди тўйҳои домодиву арӯсӣ ва бақайдгирии давлатии ақди никоҳҳои расмӣ зиёд гарданд.

Вобаста ба масъали мазкур Роҳбари давлат дар суханронии худ бахшида ба 10-солагии амали қонун аҳамияти назарраси ин санади меъё­рии ҳуқуқиро дар зиёдшавии теъдоди оиладоршавии ҷавонон изҳор дошта, зикр намуданд, ки то қабули қонун теъдоди бақайдгирии ақди никоҳҳо дар як сол 57 000 ташкил медод ва баъди қабуди қонун шумораи ақди никоҳ дар кишвар зиёд гардида, дар соли 2008 ба 106 ҳазор расид.

Умуман дар зарфи 10 соли амали худ ҳар як меъёри қонун ба ҳаёти ҳамарўзаи ҷомеаи кишвар роҳ ёфта, барои беҳтар кардани сатҳи иқтисо­дии аҳолӣ мусоидат кард ва мардуми кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Аз ин рў, минбаъд низ риоя ва иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ба оддати ҳамаразўи ҳар як фарди худогоҳу худшиноси кишвар мубаддал гардад ва шахсони рўзгордидаю таҷрибадор, аз ҷумла зиёиён ба ҳарчи бештар ба ҷавонон фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтаво ва аҳамияти фоидао­варӣ он саҳмгузор бошанд.

 

Июль 20, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

АРЗЁБИИ ХОНИШ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад