Пешвои миллат: «Баъди ба даст овардани Истиқлолият халқи мо ба фарҳанги миллӣ, суннату анъанаҳо ва ҷашну ойинҳои мардумӣ умри дубора бахшид»
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд», -изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони табақаҳои ҷомеаи кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Пешвои миллат ҳамчунин зикр карданд, ки сокинони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму ойинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баъди ба даст овардани Истиқлолият ва озодӣ халқи мо ҳимояи ин мероси миллиро яке аз вазифаҳои муҳими худ эътироф карда, ба фарҳанги миллӣ, суннату анъанаҳо ва ҷашну ойинҳои мардумӣ умри дубора бахшид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






