Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар қабули расмии Канслери Федералии Германия Ангела Меркел ширкат намуд

Июль 15, 2017 10:07

ДУШАНБЕ, 15.07.2017./АМИТ «Ховар»/. 13-уми июли соли 2017 дар Бӯстонсарои Мезеберг Канслери Федералии Германия  Ангела Меркел корпуси дипломатии муқими Германияро ба ҳузур пазируфт. Дар қабули расмӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Германия Маликшо Неъматов иштирок намуд.

Дар рафти сӯҳбат Сафири Тоҷикистон ба Канслери Германия паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, ба Ҳукумати Олмон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуд.

Канслери Германия Ангела Меркел хоҳиш намуд паёми дӯстонаи ӯ ба Сарвари давлати Тоҷикистон расоннда шавад, ӯ хостори густаришу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи миёни ду кишвари дӯст гардид.

 

 

Июль 15, 2017 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст