Санҷишҳои зиддисўхторӣ дар лагерҳои тобистонаи Тоҷикистон оғоз гардиданд

Июль 18, 2017 09:15

ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сари вақт ошкору бартараф намудани омилу сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши сўхтор дар фароғатгоҳу лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрии мактаббачагон ва майдончаҳои истироҳатии наздимактабӣ чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонӣ, ташвиқоту тарғиботи риояи ҳатмии талаботи меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро баргузор менамояд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар доираи чорабиниҳои мазкур мутахассисони Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД дар якҷоягӣ бо нозирону муҳандисони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтори Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар фароғатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» ва истироҳатгоҳи «Гулхан», воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб, ки дар ҳар як кадоми онҳо зиёда аз 200 нафар мактаббачагон таътили тобистонаи худро гузаронида истодаанд, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва бо дастаҳои идоравии оташнишонии онҳо машғулиятҳои назариявию амалии зиддисўхторӣ ташкил ва баргузор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳолати бехатарӣ аз сўхтор ба роҳбарият ва шахсони масъул дастуру пешниҳодҳои зарурии зиддисўхторӣ дода шуд. Кор дар ин самт дар тамоми фароғатгоҳу лагерҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

 

Июль 18, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе