Соҳаи моҳипарварӣ дар Суғд дар ҳолати рушд аст

Июль 9, 2017 10:03

ХУҶАНД, 09.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон, якшанбеи дуюми моҳи июл ҳамчун Рӯзи хоҷагиҳои моҳипарварӣ  ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки моҳипарварӣ  дар ҷумҳурии мо соҳаи ҷавон буда, он танҳо дар нимаи дуюми қарни ХХ, пас аз бунёди обанбори  калонтарини ҷумҳурӣ «Баҳри тоҷик» бо фароҳамоварии шароити мусоид барои парвариши моҳӣ дар кишвар, рӯ ба  тараққӣ  ниҳод. Боиси зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри рушду пешрафти ин соҳаи муҳими кишоварзӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида истодааст.

Тибқи иттилои мутахассисон, ин соҳа хоссатан дар қаламрави шимоли кишвар — вилояти Суғд бештар рӯ ба рушд дошта, саҳми моҳипарварони суғдӣ дар инкишофёбии ин соҳа назаррас мебошад.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Суғд сарпарасти ин соҳа, сардори шуъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифов  баён дошт, баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, баҳри афзун намудани саршумори моҳӣ, боло бурдани маҳсулнокии он, беҳсозии сифати ирсии моҳӣ, таъмини ниёзи бозори кишвар ва бо ин васила таъмини аҳолии мамлакат бо ин маҳсулоти серғизо ва ҳамзамон парҳезӣ, яъне маҳсулоти моҳӣ ва инчунин муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ба аҳолӣ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2015» таконе ба рушди ин соҳа бахшида, дар навбати худ масъулини шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳоро  вазифадор намуд, ки захираҳои мавҷудаи обиро оқилонаву самаранок истифода  намуда, баҳри рушди  соҳаи моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

2Дар ин давра дар шимоли кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати амалӣ намудани Барнома тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар 11 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Танҳо соли 2016 дар чор минтақаи миқёси вилоят-Ҷ. Расулов, Спитамен, Конибодом ва Панҷакент бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ боз 4 адад хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ ташкил карда шуданд. Дар айни ҳол дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 29 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо фарогирии масоҳати умумии 657,72 га замин ва 243,54 га масоҳати ҳавзҳо фаъолият дошта, аз он дар шаҳри Гулистон — 1 хоҷагӣ, Бӯстон — 2, Б.Ғафуров — 2, Ашт — 4, Конибодом-2, Мастчоҳ-2, Спитамен-3, Истаравшан -2, Айнӣ — 1, Панҷакент — 6 ва Ҷ.Расулов — 4 адад амал мекунанд. Калонтарини онҳо ҶСК «Моҳии  тоҷик»-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶСК «Моҳипарварии Гулистон»-и шаҳри Гулистон ва ҶСК «Моҳипарварӣ»-и шаҳри Панҷакент мебошанд.

Имрӯз дар яке аз ҳавзҳои калонтарини моҳипарварии ҷумҳурӣ – «Баҳри тоҷик» беш аз 15 намуд моҳӣ, аз ҷумла моҳии пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ, суфмоҳӣ, амури сафед ва сиёҳ, пешонағафси аъло, гулмоҳӣ, зармоҳӣ ва мормоҳӣ парвариш меёбанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 аз тарафи моҳипарварони вилоят   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се тонна зиёд, яъне 40 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар вобаста ба сатҳи чуқурии ҳавзҳо аз 15 то 60 сентнерӣ моҳӣ истеҳсол гардида истодааст.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Моҳии тоҷик» яке аз хоҷагиҳои калонтарини моҳипарварии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он дар тобеияти Вазорати кишоварзӣ қарор дошта, чун хоҷагии зотпарвар-моҳипарварӣ муайян гардидааст. Имрӯз тавлиди кирминаҳо дар ҳавзҳои хоҷагии ҷамъият дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, танҳо дар соли равон аз ҷониби ҷамъияти мазкур зиёда аз 20 млн. кирминаҳо истеҳсол карда, он ба ҳавзҳои хоҷагиҳо бароварда шудааст. «Моҳии тоҷик» ҳамчунин ҷиҳати таъмини рушди соҳаи моҳипарварӣ бо хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ҳамкории судманд дошта, наздики 80 фисади хоҷагиҳои моҳипарварии мамлакатро бо моҳича ва кирминаҳо таъмин менамояд.

3Аз ҷониби ҷамъияти мазкур бо мувофиқа ва дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои барқарорсозии захираҳои табиии мавзеъҳо ва обанборҳои ин вилоят, аз ҷумла ба ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Кӯлоб, Восеъ, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва манотиқи дигари ҷумҳуриро бо кирминаи моҳичаҳо таъмин намуда истодааст. То ин давра ба обанборҳои «Сарбанд»-25 ҳазор дона, «Сангтӯда-1»-15 ҳазор, «Сангтӯда-2» – 25 ҳазор, «Бойғозӣ»- 50 ҳазор, кӯли «Ҷайпарак»-и ноҳияи Шаҳритуз -30 ҳазор ва обанбори ноҳияи Муъминобод -30 ҳазор дона кирминаи моҳичаҳо дастрас гардидаанд.

Ҳамчунин ҷихати беҳтар намудани зоти моҳиҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии он,  дар соли равон ҷониби ҶСК «Моҳии тоҷик» ворид намудани 40 млн. дона кирмина- моҳичаҳои хушзот аз Федерасияи Россия пешбинӣ гардида, то ин дам 7,5 млн. дона ворид карда шудааст.

Имрӯз дар хоҷагии ҷамъияти мазкур 8 ҳавзи майда ва 8 ҳавзи калон мавҷуд буда, аз ҷумла 13,620 дона моҳии зотии модарӣ парвариш карда шуда, моҳи июни соли 2016 барои такрористеҳсолкунӣ ва хушзоткунӣ 8 намуд ба миқдори 30 млн. дона кирминаи моҳичаҳо аз шаҳри Краснодари Россия ворид карда шудаанд, ки он барои иваз намудани хуни моҳиҳо афзалияти бештар дорад.   Дар айни ҳол дар ҳавзҳои ҷамъият зиёда аз 500 ҳазор дона моҳичаҳои  яксолаи зотӣ парвариш карда истодаанд.

«Соҳаи моҳипарварӣ дар шимоли кишвар рӯ ба рушд дошта, моҳипарварони вилояти Суғд вобаста ба дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва ҳамчунин иҷроиши барномаҳои қабулгардида минбаъд низ вобаста аз имкониятҳои мавҷуда, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, ки ин ҳам бошад дастрасӣ ба  маводи хӯрокаи моҳӣ ба ҳисоб меравад, азм доранд, ки дар самти рушд додани ин соҳа ва ғанӣ гардонидани  бозори кишвар бо маҳсулоти ғизонок ҳиссагузор бошанд», — афзуд сарпарасти соҳаи моҳипарварӣ дар Раёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифов.

Абдуаҳад ДАДАБОЕВ

Июль 9, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид