Суғд: Бунёди 37 адад иншооти варзишӣ аз оғози сол

Июль 27, 2017 09:55

ХУҶАНД, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ 37 адад иншооти гуногуни варзишӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 6 миллиону 978 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст. Инчунин бахшида ба Соли ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имрӯзҳо сохтмони 46 иншооти варзишии хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти масъулини соҳа, айни ҳол дар вилоят 45 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, дар онҳо дар маҷмӯъ 17 ҳазору 404 нафар наврасону ҷавонон ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо 2002 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин аз оғози сол дар вилоят 652 мусобиқа аз рӯи 17 намуди варзиш бо фарогирии 64 ҳазору 260 нафар варзишгар гузаронида шуданд.

Дар маҷмӯъ варзишгарони вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли равон зимни иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 3228 медал (дар ҳамин давраи соли 2016-1437 медал) шарафёб гардиданд, ки аз он 996 ададаш (2016-450) медали тилло мебошад.

 

 

Июль 27, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд