ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МЕҲРУБОН САНГИНОВ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС ШУД!
ДУШАНБЕ, 25.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Меҳрубон Сангинови 21-сола дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба бокси ҳирфаӣ дар вазни 76,2 кило аз рӯи равияи WBB (“World Boxing Board”) шарафёб гардид.
Ин қувваозмоӣ рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи ИМА баргузор шуд. Меҳрубон Сангинов дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро шикаст дод.
То ин мусобиқа варзишгари амрикоӣ Мигел Котто соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB буд. Тавре Меҳрубон Сангинов дар саҳифи худ дар Facebook навиштааст, дар ин ғалабаи ӯ саҳми мураббиаш мутахассиси қазоқ Сагатбек Мӯсохонов ва аввалин устодаш Парвиз Аҳмадов калон аст.
Дар айни ҳол муштзани тоҷик дар Лас-Вегаси ИМА, дар толори Флойд Мейвезер, таҳти раҳбарии Сагатбек Мӯсохонов тамрин мекунад.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Меҳрубон Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 2011 дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ» таҳти роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон оид ба бокс, Устоди варзиши СССР Парвиз Аҳмедов фаъолият менамояд.
Аз соли 2014 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Меҳрубон Сангинов аз сини 12-солагӣ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ таҳти парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.
Феълан М. Сангинов дар яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон дар риштаи ҳуқуқ таҳсил менамояд ва муваққатан дар он ҷо зиндагӣ дошта, бо Федерацияи бокси касбии Қазоқистон ҳамкорӣ ва зери роҳбарии Мураббии шоистаи Қазоқистон Сагатбек Мӯсахонов машқу тамрин менамояд.
Падараш Маҳмуд Сангинов намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато мебошад.










Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






