Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби 5 медал гардиданд

Июль 17, 2017 10:50

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони  тоҷик дар мусобиқаи  Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо байни наврасон, ки    16 июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек анҷом ёфт, як медали тилло, як нуқра ва се медалии биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа  медали тиллоро варзишгари ҷавони тоҷик  Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни 81 кг ба даст овард. Раҳматуллобек, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм  Амит Найнии ҳиндустониро шикаст дод. Ӯ дар нимфинал бар  варзишгари  ҷопонӣ Ҳиромаса Касаҳара ва дар финал бар паҳлавони  эронӣ Ҷавод Муродӣ ғалаба кард.

Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни 100 кг соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ сараввал Тсетсетсенгел Одхууи муғулистонӣ ва дар нимфинал Алӣ Парҳезгори эрониро мағлуб кард, аммо дар финал аз варзишгари дигари  муғулистонӣ Хангал Одбаатари шикаст хӯрд.

Машраб Раҳмонов дар вазни 90 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар марҳилаи муқаддамотӣ аз Кошӣ Нагай (Ҷопон) мағлуб шуда, сипас рақобатро барои медали биринҷӣ идома дод. То ба ҷои сеюм расидан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар Каллапа Лоҳар (Ҳиндустон) ва Лӣ Тай (Ветнам) ғалаба ба даст овард.

Хотиррасон менамоем, ки    дар ин мусобиқа 178 варзишгар (107 мард, 71 зан) аз 17 давлати Осиё иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо ба даст овардани 5 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ мақоми ҳафтумро касб намуд.

Июль 17, 2017 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард