Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе майдончаи варзишӣ бунёд намуд

Июль 17, 2017 11:41

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Дар  асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, майдончаи варзишӣ  бо маблағи 924 ҳазор сомонӣ дар масоҳати  4800 метри мураббаъ бунёд ёфта, корҳои сохтмониву васлкунӣ аз ҷонби ҶДММ «Трансхизмат» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Ҳангоми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ   муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки майдонча бо сифати баланд омода шуда,   туҳфаи хубе аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба кӯдакону наврасони кӯчаи Бухоро  мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода  зикр намуд, ки   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста барои солимии мардуми кишвар талош дорад ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои асосии фаъолияти  Вазорат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, майдончаи варзишӣ бо мақсади варзиш ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон сохта ба истифода дода шудааст.

Ба иттилои  муовини Раиси шаҳри Душанбе,  дар пойтахти кишвар бунёди 70 майдончаи варзишӣ ва 80 гулгашти нав ба нақша гирифта шудааст.

Богча 2

Июль 17, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад