129 нафар зоирин аз Хуҷанд ба ҳаҷ сафарбар мегарданд
ХУҶАНД, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз шаҳри Хуҷанд тибқи меъёри муқарраргардида 129 нафар ба Арабистони Саудӣ барои иҷрои фарзияи динӣ сафар хоҳанд кард.
Гусели гурӯҳи аввалин бо роҳбарии 4 нафар роҳбалад 16 август аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар назар дошта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Муҳсин Миркамолов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, дирӯз ба ин муносибат дар бинои мақомоти шаҳр вохӯрии зоирин бо раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода доир гашт. Зимни мулоқот шаҳрдори Хуҷанд изҳор дошт, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ имрӯз садҳо нафар сокинони кишвар имкон пайдо намуданд, ки озодона ин фарзияи диниро ба ҷо оваранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки баъди сафари Ҳаҷ ҳар кадоме аз онҳо дар тарбияи ҷавонон, ваҳдати мазҳабӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб саҳмгузор бошанд, зеро шарафёб гаштан ба унвони ҳоҷӣ- ин, пеш аз ҳама, масъулият аст.
Муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо зоиринро ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, амрҳои динӣ ва расму оинҳои ислом тибқи мазҳаби ҳанафия даъват намуд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






