Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: аз 2 то 6 август дар кишвар ҳарорати ҳаво тадриҷан паст мегардад
ДУШАНБЕ, 2.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шурӯъ аз 2 август то 6 август дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, пастшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 16-21, рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят гармии ҳаво шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 16-21 мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ва раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22-27 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19-24 ва рӯзона 34-39 дараҷа мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона 19-21 ва рӯзона 27-32 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ин гуна вазъи ҳаво то 6 август идома ёфта, баъд аз он боз баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






