Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: Имрӯз дар баъзе минтақаҳои кишвар борон меборад

Август 9, 2017 09:01

ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 9 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон  гармии ҳаво шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд камбари бебориш гашта, шабона 18-23 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона ба 38-40 дараҷа мерасад.

Август 9, 2017 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад