Аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона ворид гардид
ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурлан Сейтимов кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Тавре Абдукарим Раҳимов, сардори раёсати ташкил ва танзими захираҳои моддии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, кумаки башардӯстона маҳсулоти хӯрокворӣ буда, аз орд ва консерваи гӯштию ширӣ иборат аст.
Ба иттилои номбурда, миқдори кумаки башардустона маблағи наздик ба 1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, ҳамасола аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кумакҳои башардӯстона расонида мешаванд.
Ин кумак дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба ашхос ва оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.










Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






