Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Август 28, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 28.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баёншуда, бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, манъи баъзе маросимҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул гардида, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятиро дар ин соҳа ба таври илова муайян мекунад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми пас аз таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон анҷом додани хатна пешбинӣ гардидааст.

Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаҳои ақиқа, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) ва ҳоҷизиёрат манъ карда шудааст.

Ҳамчунин маросими дафн ва азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.

Тағйироти назаррас ба моддаи 14 Қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, пешниҳод гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мебошанд.

Мувофиқи тағйироти дохилгардида тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Ба Қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Дар баробари ин мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 12500 сомонӣ то 25 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ҳазор то 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин барои содир намудани ҳамин кирдор 35 ҳазор сомонй ҷарима муқаррар карда шудааст.

Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросимҳо ҷавобгарӣ муқаррар карда шуд, ки мувофиқи он ба шахсони воқеӣ ба андозаи 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҳамасола дар роҳҳои ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд ва ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Ҳолатҳои аз тарафи ронандагони маст ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва дар робита ба ин содир намудани садамаҳои нақлиёт низ зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуд. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт низ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима аз 150- 250 сомонӣ то 12500 сомонӣ зиёд карда шудааст.

Барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима аз 2500 сомонӣ то 20 ҳазор сомонӣ баланд гардидааст. Барои такроран дар давоми сол баъди таъйин намудани ҷазои маъмурӣ содир намудани ин кирдор шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда шудааст.

Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ шудааст.

Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз 25 то 50 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар баробари ин ба моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуда, муҳлати аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт маҳрум кардан то 20 сол пешбинӣ гардидааст.

Ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйирот ҷиҳати ворид намудани меъёрҳо оид ба манъи ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷӯён пешбинӣ гардидаанд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълимӣ бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.

Қонунҳои ба имзорасида ба танзими иловагии анъана ва ҷашну маросимҳо, аз ҷумла пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, бехдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

Қонунҳои номбурда пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.

Август 28, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд