Беҳтарин мактаби сол, муаллими сол ва кӯдакистони сол дар Душанбе муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур барои сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо аз ҷониби Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе 46 ҳазору 700 сомонӣ ҷудо гардид.
Мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар фазои тантанавӣ супорида мешаванд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






