Бонки миллӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ майдончаи варзишию истироҳатӣ бунёд кард

Август 14, 2017 15:11

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон    дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои наврасон майдончаи варзишию истироҳатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Лоиҳаи майдончаи мазкур аз ҷониби ширкати ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони шаҳр» дар муддати се моҳ ба маблағи 520 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи майдонча муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Самӣ Шариф ва сокинон ширкат доштанд.

Зикр карда шуд, ки   ифтитоҳи иншооти мазкур дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Август 14, 2017 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид