Дар арафаи ҷашни Истиқлолият беҳтарин корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ободкори Душанбе муайян мешаванд

Август 1, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 1.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. 31 июл дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ҷаласаи навбатии шиносоӣ бо тартибу талабот оид ба баргузории чорабиниҳои озмун мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели  соли 2017 ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 вобаста ба муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, сабзазоркунӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва барқарорсозии боғҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар  ҷаласаи мазкур сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон–роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба майдончаҳои варзишӣ Дилноза Аҳмадзода,  роҳбари гурӯҳ оид ба ободонӣ аз Хоҷагии манзилии коммуналӣ Марҳабо Султонова ва кормандони Кумитаи рушди маҳал ширкат варзиданд.
Ҳадафи ҷаласа аз мушаххас намудани тартиб, шарти баргузории озмун ва муайян намудани ғолиб дар самтҳои пешбинигардида иборат буда, ҳамзамон вазифаҳои гурӯҳи корӣ, риояи шарт ва муҳлатҳои баргузории озмун муҳокима гардид.

Август 1, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад