Дар Душанбе бори аввал дар Осиёи Марказӣ Озмуни имлои забони англисӣ доир гардид

Август 16, 2017 10:32

ДУШАНБЕ, 16.08.2017./НИАТ «Ховар»/. Дар Гўшаи амрикоии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии бевоситаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард Озмуни имлои забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 11  нафар довталабон аз Тоҷикистон,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон иштирок намуданд.

Озмуни имло – мусобиқаи маъруф дар Амрико мебошад, ки дар он аз иштирокчиён ҳарф ба ҳарф талаффуз кардан ва навиштани калимаҳо ба забони англисӣ талаб карда мешавад.

Дар ҷамъбаст Элнур Рахматуллин аз Қазоқистон ғолиби Озмун эълон гардид ва ба сифати ҷоиза ба ў ноутбук тўҳфа карда шуд.

Довталабони Озмун  донишҷўёни донишгоҳҳои мухталиф мебошанд. Дар марҳилаи аввал донишҷўён дар озмунҳои маҳаллӣ, ки дар гўшаҳои амрикоии воқеъ дар саросари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буданд, иштирок намуданд. Баъдан, се иштирокчии беҳтарин аз ҳар кадом гўша рақобатро идома дода, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Озмуни имлои забони англисӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал баргузор гардид.

 

Август 16, 2017 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад