Дар Душанбе дар арафаи иди Қурбон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ва таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон аз 3 август то 5 сентябр дар назди бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва кишоварзӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.
Қарори дахлдор аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 4 август ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташкил намудани ярмаркаҳои идона тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии байторӣ бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе уҳдадор гардиданд, ки дар арафаи иди Қурбон ярмаркаи фурӯши чорвои майдаи шохдорро дар назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» ташкил намоянд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






