Дар Душанбе нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид

Август 25, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид. Дар ин бора  ба АМИТ “Ховар” аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Истгоҳи намунавӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ»-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот дода шуд, ки барои нахустин бор дар бунёди истгоҳ хизматрасониҳои муосир бо истифода аз технологияи пешрафтаи иттилоотӣ истифода гардида, истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ бунёд гардидаанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоидат мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба тарҳу намуд ва ҷойгиршавии таблоҳои иттилоотӣ Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур дод, ки дар вақти бунёди чунин иншоот ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва истифода намудани масолеҳи хушсифати истеҳсоли ватанӣ диққати махсус дода шавад, то иншооти мазкур солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ аз  Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  то корхонаи «Сементи тоҷик»  36 адад истгоҳҳои намунавии нав бунёд  мешаванд, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ мусоидат мекунанд.

истгох2 истгох

Август 25, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд