Дар Душанбе озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Қарор дар бораи баргузор намудани озмунҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 11 август ба тасвиб расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки то 20 август дар сатҳи ноҳия ҳамин гуна озмунҳоро баргузор намоянд. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо назардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри соли 2017 ҷамъбаст менамояд.
Ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» бо мукофоти пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, «Кӯчаи беҳтарин»- 10 ҳазор сомонӣ ва дипломҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Маросими тантанавии супоридани мукофотҳо дар арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






