Дар Душанбе терминали нави мусофирбари «Озод транс» ба фаъолият оғоз кард

Август 14, 2017 17:31

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Терминали нави мусофирбари «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар маросими баистифодадиҳии терминали нав намояндагони  масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, мутахассисону коршиносони  соҳа иштирок намуданд. Сохтмони иншооти мазкур нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Озод интернейшнл» дар зарфи ду сол  ба истифода дода шуд ва дар корҳои бунёдӣ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Терминали мусофирбари «Озод транс» дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯ ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту воситаҳои техникӣ равона гардидааст.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд. Зимни шиносоӣ бо шароити дар ин ҷо муҳайёгардида, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба масъулон бобати таъмини хизматрасонии хубу босифат ба ронандагону мусофирон маслиҳатҳои муфид доданд.

Роҳбарияти ҶДММ «Озод интернейшнл» бунёди чунин иншооти замонавиро самараи оромию суботи кишвар, фароҳамии фазои хуби   соҳибкорӣ ва саҳм гузоштан дар ободонии пойтахти мамлакат —  шаҳри Душанбе арзёбӣ карданд.

Аз терминали мусофирбарии «Озод транс» мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт  ба сафар мебароянд, тибқи нақша истифода мекунанд.

Дар баробари ин оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасоанд, аз ҳамин маҳал сарчашма мегирад.

Фаъолияти терминал ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои мусофирону ронандагон  имкониятҳои мусоид  фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои  35 нафар бо шароити олӣ ва миёна мавҷуданд, ки шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунанд.

Дар як қисмати терминал нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам бунёд гардидааст, ки ба муштариён хизматрасонии босифат пешкаш месозад. Дар маҷмӯъ, бо оғози фаъолияти терминали мусофирбарӣ аз 35 то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти ҶДММ «Озод интернейшнл» нақша дорад, ки оянда бо васеъ намудани ҳудуди терминал ва бунёди иншооти иловагии хизматрасонӣ шумораи зиёдтари сокинонро соҳиби ҷойи кор намояд.

Озод Транс-1 Озод Транс-2

Август 14, 2017 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд