Дар Хатлон ҳаҷми махсусан калони маводи нашъаовар мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Турконии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон аз дохили мошини сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба миқдори 24 кг 550 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт карда шуд.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронии мошин аз бағоҷ ду борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи алафи хушккардашудаи дорои бӯи махсус дарёфт ва мусодира гардид. Тавре мутахассисони Шуъбаи ташхиси судии Агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи бангдона буда, вазни умумии он 24 кг 550 гр мебошад.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба — барои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор суд шуда будааст. Номбурда ҳангоми иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳии ҷумҳурӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ҷиноӣ пайдо намуда, минбаъд маводи нашъаоварро аз ӯ харидорӣ намудааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар ҳоли тафтиш аст. Корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқаманданд, идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






