Дар ноҳияи Ванҷ бар асари афтидани санг мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуд

Август 7, 2017 11:46

ДУШАНБЕ, 7.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106», марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 3 нафар мусофири он хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Будун ба самти деҳаи Андарбак-Жамаг, дар мавзеи Приони ноҳияи Ванҷ аз баландии 100 метр санг фаромада, ба мошини мазкур бархӯрдааст.

Тавре гуфта мешавад,  дар натиҷаи чунин ҳодисаи нохуш мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуда, ғарқ гардидааст. Баъди гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ронанда дарёфт гардида, ҷасадҳои се нафар мусофирони мошин: ду нафар марди 48-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони ноҳияи Ванҷ то ҳол дарёфт карда нашудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои дарёфти ҷасадҳо корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Август 7, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад