Дар ноҳияи Варзоб озмуни хӯрокҳои миллӣ доир гардид
ВАРЗОБ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар деҳаи Гажнеи ҷамоати деҳоти Варзобқалъа байни бонувон озмуни хӯрокҳои миллӣ доир намуд.
Тавре мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Варзоб Шаҳло Ғаффорова хабар дод, дар озмун кадбонуҳо маҳорати худро дар риояи қоидаҳои тозагию беҳдоштӣ, пешниҳоди хӯрокҳои босифат, ороиши дастархони тоҷикӣ нишон доданд. Инчунин иштирокчиён ба саволҳои аъзои ҳакамон ба тезӣ чавоб дода, аз иҷрои шартҳои муайяншуда ба хубӣ баромаданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи озмун аз тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба хӯрокҳои миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ иборат буд.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






