Дар осоишгоҳи «Сатурн» масъалаҳои рушди инфрасохтори сайёҳӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар осоишгоҳи «Сатурн» бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳат ва ҷамъомади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва як гурӯҳ соҳибкорон баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи ҷамъомад аз ба ҳам овардани ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, муаррифии имкониятҳои меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва баланд бардоштани хизматрасонии онҳо иборат буд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатамон ободу зебо гардида, талаботи шаҳрвандони дохилию хориҷӣ барои боздид аз маконҳои тамошобоби Тоҷикистон, аз ҷумла осоишгоҳ ва табобатгоҳ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ба имзо расид, ки барои боз ҳам мукаммал гардидани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат менамояд.
«Ин тамоюл мунтазам идома меёбад ва дар навбат мавзеъҳои диданибоби ноҳияи Ховалинг, мавзеи Сари Хосор, мавзеи Канаски дараи Ромит, имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Дарвоз, Осоишгоҳи табобатии «Гармчашма» дар ВМКБ қарор доранд. Мо аз рӯи имконият чорабиниҳои навбатии худро дар ин минтақаҳо бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ доир менамоем»,-иброз дошт раиси Кумита.
Барои таҳияи хатсайрҳои сайёҳии нав ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии сайёҳони дохилию хориҷӣ, мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта, аз қабили шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, пойгоҳҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, иншооти фароғатӣ, мусофиркашонии байналмилалӣ ва нақлиёти дохилӣ, хизматрасонии замонавии алоқа ва бонкӣ таъсири муҳим мерасонанд.
Бо ин мақсад Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ бо масъулини иншооти қабулу хизматрасонӣ масъалаҳои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ва тарзҳои роҳандозии имкониятҳо байни ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаву осоишгоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Осоишгоҳи «Сатурн» бо истифода аз шароити муосири хуби хизматрасонӣ бо мақсади истироҳат ва табобат дар як вақт метавонад 100 нафар шаҳрвандро қабул ва бо ҷойи хоб таъмин намояд.








Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ беш аз 92 фоиз иҷро шуд
Хонандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар се озмун ҷойи якум гирифтанд
Эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар шаҳрванд аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, шанбе, 305-умин рӯзи соли 2025 аст






