Дар Тоҷикистон теъдоди донорҳо торафт меафзояд

Август 11, 2017 11:26

 ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад то охири соли 2017 шумораи  донорон ё хунсупорандагони ҷумҳуриро ба 50 ҳазор нафар расонад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  хабар доданд.

Зикр гардид, ки   айни замон шумораи хунсупорандагон дар «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» ба 40 ҳазор нафар баробар мебошад. Бино ба иттилои манбаъ, то соли 2011 шумораи хунсупорандагон дар кишвар 25 ҳазор нафарро ташкил медод.

Тибқи иттилои Алишер Кабиров, муовини директори  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»,  давра ба давра беҳтар гардидани шароити хуби корӣ,  истифодаи имкониятҳои мавҷуда, такмили заминаи моддию техникӣ, корҳои  ташвиқотӣ миёни сокинон ва   муассисаҳои давлатӣ сабаб гардид, ки шумораи донорон ба маротиб рӯ ба афзоиш оварад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» аз аввали соли равон то имрӯз аз донорон ба миқдори 11 ҳазору  224 литр хун гирифтаанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба шахсони бемор гузаронида мешавад.

Август 11, 2017 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе