Дар Тошканд намоишгоҳи байналмилалии «CAITME 2017» доир мегардад

Август 21, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 21.08.2017/АМИТ «Ховар»/. 11-умин намоишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳти унвони  «Технология ва таҷҳизоти нассоҷӣ-  «CAITME 2017» аз 13 то 15 сентябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд баргузор мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ  ширкату корхонаҳои  нассоҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуда, дастовардҳои худро ба маърази намоиш  гузоранд.  Намоишгоҳи мазкур ҳамасола гузаронида шуда, ҳадафаш  рушди саноати нассоҷӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни  ширкату корхонаҳои нассоҷии минтақа ва роҳандозии таҷҳизоту технологияҳои муосири нассоҷӣ дар истеҳсолот мебошад.

Август 21, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе