Дар Ҳуҷанд «Тоҷикшиноси бузург» рӯи чоп омад
ДУШАНБЕ, 21.08.2017. /АМИТ «Ховар»/ Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Тоҷикшиноси бузург» ба нашр расид. Асари мазкур феҳристи китобу осор ва мақолаҳои илмиву оммавии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва асарҳоеро, ки зери таҳрири ин олими номвар ба чоп расидаанд, фаро гирифтааст.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар китоб таълифоти роҷеъ ба ин шахсияти барҷастаи таърихи миллати мо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ иншогардида низ ҷой дода шудаанд.
Муаллиф ва мураттиби китоб номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров- Аюбҷон Усмонов рўзгору осори академик Бобоҷон Ғафуровро бар асоси осори илмии таълифшуда мавриди таҳлил қарор додааст.
Мавриди зикр аст, ки китоби мазкур ба таври умум осорномаи академик Бобоҷон Ғафуровро аз соли 1928 то соли 2012 фаро мегирад ва туҳфаи арзанда ба ҷашни 110-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






