Дарёфти беш аз 69 килограмм шираи камол аз хонаи сокини ноҳияи Хуросон

Август 23, 2017 10:58

ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дарёфт ва мусодираи 69 килограмму 350 грамм маводи шираи камол аз хонаи истиқоматии марди 59-солаи сокини ноҳияи Хуросон хабар медиҳад.

Тавре аз ин Вазорат хабар доданд, 21 август, ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон марди 59-солаи сокини ноҳияи Хуросонро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир намуданд.

Дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ 4 адад зарфҳои 20-литра, ки дар дохилашон мувофиқи маълумотномаи хулосаи ташхиси кимиёию фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 69 килограмму 350 грамм маводи шираи камол ҷой дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

Август 23, 2017 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад