Даъвати ансамблҳои рақсии Тоҷикистон ба чашнвораи IX байналмилалӣ дар Чеченистон

Август 21, 2017 13:51

ДУШАНБЕ, 21.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия ҳунарпешаҳои касбии рақсӣ ва ансамблҳои рақсии Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷашнвораи IX байналмилалии рақс ба номи Маҳмуд Эсамбоев даъват менамояд. Ҷашнвора аз 15 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Грознии Чеченистон баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон, мақсад аз баргузории фестивал-озмун таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳо, оммавигардонии санъати рақси халқҳои Федератсияи Россия ва кишварҳои хориҷӣ, ҳифзи анъана ва санъати рақсии халқҳои гуногун, дарёфти чеҳраҳои нав, дастгирии гурӯҳҳои рақсии амалкунанда ва ҷалби ҷавонон ба санъати хореографӣ мебошад.
Хоҳишмандони иштирок дар ин озмун бояд аз 15 август то 15 сентябр варақаи дархостиро ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Август 21, 2017 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе