Эмомалӣ Раҳмон: «Сокинони водии Вахш шукронаи Ватани озоду соҳибихтиёр ва рӯзгори босаодат доранд»
ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Вазъи ҷаҳон, хусусан солҳои охир торафт мураккабу буҳронӣ шуда истодааст. Имрӯз дар чандин кишвари Ховари Миёна ва дигар минтақаҳои олам гурӯҳу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ба кирдору амалҳои фоҷиабор даст зада, оромиву субот ва амнияти сокинони осоиштаро ба таври ҷиддӣ халалдор сохтаанд. Дар ин бора имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш изҳори андеша карданд.
«Мардуми мо, аз ҷумла сокинони ноҳия ва водии Вахш чунин рӯзҳои даҳшатбору вазнинро, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз сар гузаронидаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Ва имрӯз шукрона мекунанд, ки Ватани озоду соҳибихтиёр, кишвари орому осуда ва рӯзгори босаодат доранд».
Ҳамчунин Сарвари кишвар бо боварии комил зикр намуданд, ки мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди ноҳияи Вахш дар оянда низ барои ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва давлат, ободии диёр ва пешрафти Ватани азизамон–Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дучанд заҳмат мекашанд, барои боз ҳам устувор гардидани неруи давлатамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






