Фестивали ҳунармандони халқӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим

Август 22, 2017 11:15

ХОРУҒ, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Ишкошим фестивали ҳунармандони халқӣ баргузор шуд, ки дар он табибони мардумӣ, косибону бофандагон, ансамблҳои этнографӣ, донандагони урфу одат ва расму русуми миллӣ ширкат намуданд. Фестивал бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Гулу гиёҳ», ки роҳбарии онро ҷарроҳ ва табиби мардумӣ Ширинбек Давлатмамадов бар дӯш дорад, баргузор гардид. Ба гуфтаи ин табиби мардумӣ, «мақсади фестивал эҳёи мероси табиӣ ва фарҳангии Бадахшон аст. Дар деҳоти ноҳияи Ишкошим косибону бофандагони зиёд ҳастанд, ки ҳунари ниёгони худро фаромӯш накардаанд ва аз маҳсулоти маҳаллӣ ашёи мухталифи рӯзгор  тавлид мекунанд. Аммо  азбаски дар деҳоти дурафтода зиндагӣ мекунанд, маҳсули ҳунари онҳо аз назари мардум дур мемонад. Ҳамчунин дар дараву кӯҳҳои ин ноҳия зиёда аз 200 намуди гулу гиёҳои дармонбахш мерӯянд ва табибони халқӣ аз онҳо дорую давои аз ҷиҳати экологӣ пок истеҳсол мекунанд, аммо на ҳама имкони сафар ба ин деҳотро доранд».

Созмони «Гулу гиёҳ» тасмим гирифтааст, ки дар маркази ноҳия барои ин ҳунармандон дуконҳо боз кунад, то онҳо тавонанд маҳсулоти дастии худро ба фурӯш гузоранд.

Бо дастгирии  созмони ҷамъиятии «Гулу гиёҳ» дар давоми панҷ соли охир китобу маҷаллаҳое, чун «Чашмаҳои маъдании дармонбахши Бадахшон», «Гилдармонӣ», «Тақвими ҷамъоварии набототи шифобахши Бадахшон», «Ганҷинаи Ғоронзамин» ва «Таомҳои миллии тоҷикони кӯҳистон» ба нашр расондаанд.

 

Август 22, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад