Форуми ҷумҳуриявии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат!» дар Суғд доир мешавад
ДУШАНБЕ, 3.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 6 августи соли равон дар вилояти Суғд Форуми ҷумҳуриявии кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар намояндагони ҷавонони фаъоли мамлакат таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат!» баргузор мегардад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар Форуми мазкур, ки ба Соли ҷавонон бахшида мешавад, иштироки 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар дар назар аст.
Дар доираи Форум барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, суҳбату вохӯриҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳо, саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд ва мусобиқаҳои варзишӣ доир карда мешаванд. Дар рӯзҳои Форум ҳамзамон баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон» дар назар дошта шудааст.
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор карда мешавад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






